среда, 31 декабря 2014 г.

Ҳамсари Усто, Ҳамсари Масто: «Аз шаҳрдорӣ дархост дорем…»

Мардуми тоҷик дӯстдори ҳаҷву латоиф, базлагӯии мардуми ҳаҷвнигор аст. Тоҷикон хандаро дӯст медорад. Мо ҳам хандаи халқи тоҷикро дӯст медорем ва рӯ меорем ба золҳои ханда. Золҳое, ки як замон аз зарби қарси муштоқони ҳаҷв метаркид. Золҳое, ки дар сирати ҳаҷвнигорони барҷастаи тоҷик Устою Масто ва дар сурати қаҳрамонҳои гуногун ҳазорон ҳаводоронро фаро мехонданд. Имрӯз низ золҳо таваҷҷӯҳи мардуми зиёдеро ҷалб карда, аммо он ҳама шукӯҳу шаҳомати устогиву мастогӣ ба назар намерасад. Ағлаби мо фаромӯш кардаем ин ду дилдодаи санъату ҳунарро…
25
… Вақте вориди хонаи марҳум Масто шудем, онҷо ҳамсари шодравон Усто низ ҳузур дошт. Моро хуш пешвоз гирифтанд. Муносибаташон модарона буд, пур аз меҳр, оромӣ ва нармӣ. То ин вақт гумон мекардем, ки ин ду зан танҳоянд. Аммо на. Дидем, ки аксҳое аз даврони наврасиву ҷавонӣ ва миёнсолии Масто овезаи деворҳо шуда. Ва дидем, ки ҳар гоҳе ҳамсари Масто — Бахтибегим Орипова ба он аксҳои ҳамоил менигарад, табассум дар лабонаш ғунча мезанад. Яъне, дар ин ҳол ӯ танҳо нест. Ҳама дам бо аксҳост ва аз ҳамсари Усто — Раъно Давлатназарова дил канданӣ нест.
Чун он ҳама муносибати мушфиқонаи Раънову Бахтибегимро нисбати якдигар дидем, қуввае ногаҳонӣ пайдо шудаву нагузошт, ки лаҳзае ҳам бошад, онҳоро аз ҳам ҷудо созем. Зеро онҳо ду тану як ҷонанд. Ҳарчанд, ки қаблан нияти сӯҳбати ҷудо — ҷудоро доштем, натавонистем муқобили хоҳиши эшон бархезем.
Нахуст аз аввалин ошноии Устову Масто мепурсем. Раънову Бахтибегим гоҳ — гоҳе суханҳои якдигарро тақвият дода, мегӯянд: «Усто ва Масто ҳарду аз Рӯшон буданд. Усто аз Масто калонтар буд. Ҳарду дар мактаб якҷоя мехонданд. Усто ба ансамбли «Помир» ба кор омад. Баъдан Масто ҳам омад ва кори ин ду нафар дар инҷо оғоз ёфт. Дар мудати кӯтоҳ онҳо миёни мардум машҳур гардиданд. Одамон ба онҳо муҳаббат пайдо карданд. Бо шоирону навозандагон ҳамкорӣ карданд ва ҳамин тавр, корҳояшон пешрав шуд. Онҳо шахсиятҳои дилсӯз буданд, ҳамеша бо мардум муомилаи хуб доштанд».
Вақте ин нуктаҳо садо медод, андешидем: «Шуда бошад ҳолате, ки Усто ё Масто ҷиддӣ рафтор кардаву амалашонро дигарон шухӣ пиндошта бошанд?». Умуман, мехостем бидонем, ки оё нафарони машғули ҳаҷву мутоиба метавониста бошанд худро дар ҳолати зарурӣ ҷиддӣ нишон диҳанд ва оё мардум ҷиддияти онҳоро ба таври асл қабул медошта бошанд, ё не? Дар ин миён намунае ҳам пеш овардем. Намуна аз соли 1999. Яъне, дар ин сол донишҷӯёни макотиби олии кишвар баҳри шоиста пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон машқҳои тайёрӣ мегузаштанд, ки он 4 моҳ давом кард. Ба гурӯҳе, ки миёни иштирокчиёни маросим гурӯҳи асосӣ ба шумор мерафт, Гавҳар Мирҷумаева машқ медод. Гоҳо кор ба ҷое мерасид, ки донишҷӯёни хаставу бемадор зери нурҳои офтоби сӯзон аз саҳар то соати 2-ю 3 супоришҳои ӯро иҷро мекарданд ва қисме аз мондашудаҳо дигар ба амраш эътибор надода, худро рӯи сабзаи тар мепартофтанд. Як рӯз ана дар ҳамин ҳолат Убайдулло Раҷабов ба майдони варзишӣ ташриф овард. Дид, ки донишҷӯён мисли баррачаҳои баҳорӣ рӯи алаф ғел мезананду ба гапи Гавҳар Мирҷумаева гӯш намедиҳанд. ӯ бо қадамҳои вазнин болои минбар, назди Гавҳар Мирҷумаева баромад ва ба донишҷӯён хитоб кард: «Хезед зуд аз ҷоятон!». Бо дидани Убайдулло Раҷабов ва шунидани нидои ӯ дигар донишҷӯёни рост ҳам рӯи сабза ғел зада, баробари донишҷӯёни «хобида» хуб хандиданд. Ҳамин тавр, амри Раҷабов ҷавоби баръакс гирифту даст афшонда, аз минбар фаромада рафт.
Чун мақсадамон аз овардани ин саҳна ба мусоҳибонамон ошкор шуд, Раъно Давлатназарова ба сухан гуфтан сар кард: «Ёд дорам, ки боре ман бо ҳамсарам Усто дар кӯчаҳои шаҳр мерафтем ва одамон Усторо дида механдиданд. ӯро гирд мекарданд. Усто ба онҳо мегуфт: «Ой мардум мо дар зоопарк нестем!». Ва атрофиёнаш баландтар механдиданд». «Вақте Масто донишҷӯ буд, шабҳо аз консерт соатҳои 3-и шаб меомад. Ман субҳгоҳӣ ба ӯ мегуфтам, ки «Масто, хез, дарсҳоятро тайёр куну ба дарс рав». ӯ дар ҷавоб мегуфт: «Усто хонад, ман хондагӣ». Боз мегуфт: «Ман имрӯз хаста, ба дарс намеравам, ба Усто занг зан, ӯ ҳам наравад…»,- илова намуд ҳамсари Масто — Бахтибегим Орипова.
Ва пайваста андешае моро фарогир буд, ки оё боре Устову Масто ҳангоми пешниҳоди ягон барномаашон дучори монеа шудаанд, ё не? Посух чунин буд: «Сиёсати ҳамон замона бисёр сахт буд. Ҳолатҳое мешуд, ки барномаашон бо идеологияи комунистӣ рост намеомад. Бахилӣ ҳам дида мешуд. Мавридҳое ҳам буд, ки Устою Масто барои ягон баромадашон тайёрии зиёд медиданд, вале ба онҳо рақам намедоданд. Натиҷаи бухли баъзе одамон буд, ки унвони баланд нагирифтанд. Танҳо бо талаби халқ ба онҳо унвони Артисти хизманнишондодаи СССР-ро лоиқ донистанд. Ва танҳо дар рӯзи ҷанозаашон намояндаҳои ҳукумати ҳамондавра гуфтанд, ки «мо ба ин шахсҳо бояд унвони Артиси халқии СССР-ро медодем. Яъне, қадрашонро дар зинда буданашон надонистанд…».
— Ҷанозаи онҳо чӣ гуна гузашт, дар куҷо, бо иштироки кӣ, дар қазияи маргашон чӣ норӯшание боқӣ монд?,- мепурсем аз ҳамсӯҳбатонамон. Мегӯянд: «Нуралӣ корбарашон буд ва як мошини «жигулӣ» дошт. Ҳамон рӯз бояд соати 6 ба Душанбе меомад. Аммо дер кард. Гӯё як трактор ба мошини онҳо бархӯрдаву ба ҷарӣ рафтаанд. Усто дар Гароутӣ ҳангоми садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид. Масторо дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Дар ҳамон ҷо аз забони як ҳамшира мешунавад, ки Усто ҳалок шудааст. Баъди шунидани ин хабар ӯ ҳам ба замин меафтаду дигар намехезад. Баъди рух додани ин ҳодиса онҳоро шӯста баъд ба хонаи мо оварданд. Ва майитро ба болои мизе монданд ва мардуми зиёде барои видоъ омада буданд. Ҷасади Усторо, ки хонааш дар ошёнаи 4 буд, бурданд ва ҷасади Масторо ба хонааш, ба ошёнаи 1-ум дароварданд. Мардуми зиёде аввал ба боло баромада, баъд ба ошёнаи як омада, видоъ мекарданд. Баъд ҷасади онҳоро гирифта ба Филармония — ҳозира бинои ТВ «Сафина» бурданд. Дар онҷо митинг баргузор гардид. Ҳазорҳо одамон, аз ҷумла донишҷӯён аз дару тирезаҳо вориди бино мешуданд ва видоъ мекарданд. Аҷибтар ин ки, ронандаашон танҳо як ангушташ бастагӣ буд ва танаш сиҳат. Ақаллан як нафарашон зинда мешуд, мефаҳмидем, ки чӣ гап шудааст. Баъдан дар Ҷилликул Нуралиро муҳокима намуданд. Мо гуфтем, ки асли қазияро намедонем ва ба ҳамин хотир ӯро ба Худо супоридем».
Ниҳоят, ба зиндагии ин ду зан баъди марги шавҳарҳояшон таваҷҷӯҳ кардем. Ҳамсари Усто — Раъно Давлатназарова гуфт, ки азобҳои зиёде ӯву фарзандонашро дунболагир будааст. ӯ соҳиби 5 фарзанд аст, 1 духтару 4 писар. Писари калонияш Артур Машрапов имрӯзҳо консертҳои давлатиро мегузаронад. «Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фарзандони мо мавриди таъқиб қарор гирифтанд ва бо азоби сангин моли зиёдамонро фурӯхта онҳоро ба Русия фиристодем»,- илова мекунад ӯ.
Аммо ҳарду зан ҳам аз норасоии ғизо шиква накарданд. «Шукри Худо, ёфтаамонро мехӯрем, наёфтаамонро не»,- мегуфтанд онҳо. Вале як дархост доштанд. Дархост аз шаҳрдории Душанбе. Дархост ба ин маънӣ, ки дар даврони пиронсолӣ барояшон ҳуҷра ҷудо карда шавад. Тибқи иттилои худи онҳо, пештар бо ҳамин мазмун ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда будаанд, вале ҳанӯз ҳам ба хоҳишашон расидагӣ нанмудаанд.
Ва аз ҳама охир мепурсем, ки оё онҳо дархости як ҳуҷра барои ду нафарро доранд?
— Не,- мегӯяд ҳамсари Усто,- агар тавонанд ба ҳардуи мо якҳуҷрагӣ диҳанд. Ин бисёр кори хуб мешуд. Ба хотири рӯҳи ин бузургмардон, ки дар роҳи хизмат ба ватан ҳалок шуданд…

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ
Ҳафтаномаи "Пайкон", ноябри соли 2009

Комментариев нет:

Отправить комментарий