среда, 12 марта 2014 г.

Нашри китоби “Таърихи Масъудӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ

Китоби “Таърихи Масъудӣ”-и Абулфазли Байҳақӣ (муруре пиромуни сохтори идорию русуми дарбори Ғазнавиён) аз ҷониби муаррих ва муҳаққиқи олиқадр Сайфуллоҳи Муллоҷон барои донишомӯзон ва муҳаққиқон рӯи чоп омад.
Ин пажуҳиш кушиши нахустин аст, дар шинохт ва  таҳқиқи яке аз муҳимтарин осори таърихиву адабии забони порсӣ дар хиттаи Вароруд. Камтарин асари таърихӣ бо забони порсӣ дида мешавад, ки ҳамзамон чанд имтиёзи мунҳасир ба фард дошта бошад, ки он мустанад будани таърих, парҳез аз ситоишу тамҷиди дуруғин, чоплӯсӣ, сиёҳро сафед нигоштан, бо сабки шеъргуна нигоштани воқеъот ва ғ. Дар таърихе, ки устод Байҳақӣ кардааст, садҳо истилоҳоти ҷуғрофӣ оварда шудаанд ки аз ин лиҳоз низ ҷойгоҳи онро миёни осори хаттӣ мумтоз гардонидааст.
 Дар ин китоб перомуни рӯзгору осори Байҳақӣ, муҳтаво, нашрҳо ва собиқаи таҳқиқи асар, инчунин ахбори ин сарчашма дар мавриди сохтори идорӣ, расму ойинҳои дарбор ва низоми девонсолории Ғазнавиён маълумот дода мешавад. Як нутаи дигаре, ки онро бояд зикр кард ин аст, ки донишманди тоҷик Сайфуллоҳи Муллоҷон тақрибан аз ҳамаи навиштаҳое, ки дар заминаи таърихи рӯзгори Ғазнавиён офарида шудаанд огоҳӣ дошта, аз онҳо нек истифода кардааст. Барои таълифи асар муаллиф наздик ба 200 навиштаи олимони Ғарб, Русия, Эрон ва Афғонистонро варақ зада, баъзе аз фарзияҳову назариётро нақд кардааст.   
Асари Байҳақӣ ба забони арабӣ ва русӣ тарҷума гардидааст. Профессор А. К. Аренс ду маротиб, нахуст соли 1962 дар Тошканд, ва соли 1969 бо такмилу тавзеҳоти  бештар дар Маскав ба табъ расидааст. Лозим ба ёдоварист, китоби «Таърихи Масъудӣ» ё “Таърихи Байҳақӣ” акнун аз ҷониби Сайфуллоҳи Муллоҷон ба таври комил, бо ишороту тавзеҳот ба кириллӣ бозгардон шудааст, ки қарор аст дар соли ҷорӣ ба табъ расад.
Аҳлиддин Салимов

Комментариев нет:

Отправить комментарий