четверг, 14 февраля 2013 г.

"Гусели мағзҳо" аз Донишкадаи санъат

Тибқи мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2012 дар хусуси “қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо нафақахӯрон” кормандони зиёди мактабҳои олӣ ва соҳаҳои дигарро аз кор озод намуданд. Дастур сару садоҳо ба бор овард. Баъзеҳо инро хуш қабул карда, баъзеи дигар ғайриқонунӣ ва ҳадафмандона ҳисобиданд ва фикрашонро дар рӯзномаҳои мустақил дарҷ карданд. Вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дар як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки нафақахӯрон мисли обу ҳаво дар соҳаи маориф заруранд.
Мо ба яке аз мактабҳои олии ҷумҳурӣ Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи устод М.Турсунзода рафта, аз ректори он Аслиддин Низомов дар бораи иҷроиши дастур пурсидем. Гуфт, ки онро бо муваффақият иҷро кардаанд ва «дар ҷои онҳо кадрҳои навро таъин намудем ва мушкилоти кадрӣ надорем, кадр мерасад».
Ба суоли навбатии мо – «Дар се чор соли охир чӣ қадар аспирантон рисолаҳои номзадӣ ҳимояи карданд?»- он кас чунин посух доданд: -«Аспирантураи мо ҷавон аст. Танҳо як нафар ҳимоя кард. Дар навбат ба ҳимоя қариб 12 нафар тайёрӣ дидаистодаанд».
Ҳамчунин сари масъалаи мазкур бо ноиби ректор оид ба таълим М.Турсунова ва сардори шӯъбаи кадрҳо Ҷ.Боракова сӯҳбате доштем. Мусоҳибони мо иброз намуданд, ки мо ин супоришро ҷиддӣ иҷро кардем, устодони солхӯрдаро аз вазифаҳои роҳбарӣ озод намудем ва ду профессор И.Ҷӯраев ва С.Раҳимовро, ки муаллими солманд буданд, бо эҳтиром ва тантана гусел намудем. Баъди вохӯрӣ бо роҳбарияти донишкада ба хотири бо устодон И.Ҷӯраев ва С.Раҳимов ҳамсӯҳбат шудан суроғаи онҳоро дастрас намудем ва ба онҳо занг задем. Бо устод И.Ҷӯраев имкони тамос нашуд ва устод Сайфиддин Раҳимов, ки дар наздикии донишкада зиндагӣ доштааст, таклифи моро дар бораи вохӯрӣ пазируфтанд:
-Бале! Як рӯз моро даъват намуданду ректор А. Низомов ба мо фаҳмонданд, ки мувофиқи мактуби Дастгоҳи Президент шумо аз кор озод карда мешавед. Ин барои ман бисёр ногаҳонӣ буд, лекин ман сухане нагуфтам, қабул кардам. Зеро бо матни мактуб шинос набудам. Баъдтар, вақте ки шинос шудам, фаҳмидам, ки ин мактуб танҳо ба шахсоне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, дахл доштааст. Ман бошам, як профессори оддии кафедра ва ин дастур ба ман ягон дахле надорад. Маълум гардид, ки аз кор озод намудани ман аз худи ректор А. Низомов вобаста будааст, на аз мактуби Дастгоҳи Президент.


Ман корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми таърих, 57 сол собиқаи корӣ дорам. Ба ҷуз устодӣ, муаллимӣ ба дигар кор машғул набудам. Аз рӯзи таъсиси ҳамин донишкада то имрӯз бо дасту дили соф кор кардам. Дар ин солҳо бо собиқ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, шодравон Меҳрубон Назаров якҷоя кор кардем. Он кас бисёр ҷаҳонбинии фаррох доштанд, ҳамеша номаш ба рафтору кирдораш як хел буд, ба ҳамаи мо меҳрубонона муносибат мекард. Моро эҳтиром мекард, ҳамчун муаллим, ҳамчун педагог. Роҳбарони минбаъда низ бо мо, бо коллектив муносибати нек доштанд. Хайр аз мудирӣ, аз мансаб гирифтан дигар гап аст, лекин аз фаъолияти педагогӣ маҳрум кардани устодони соҳибтаҷриба ба манфиати ҳеҷ кас нест. Дар ҳоле ки дар донишкада муаллимони соҳибтаҷриба хеле кам мондаанд.
- Аз сӯҳбате, ки мо бо ректори донишкада Аслиддин Низомов доштем, он кас ҳолати таъмини донишкадаро бо кадрҳо хуб арзёбӣ намуданд. Андешаи шумо?
- Ин фикри шахсии ректор А.Низомов аст. Аз нигоҳи ӯ кадр ва мутахассис ҳамон нафарест, ки шахсан ба ӯ садоқат дошта бошад, ҳамеша ба ӯ тамаллуқ кунад, ӯро таъриф кунад. Вақте мегӯяд, ки кадрҳо мерасанд, вай ҳамин гуна кадрҳоро дар назар дорад. Лекин воқеият он аст, ки аксари кулли кормандону мутахассисони донишкада дар шакли ҳамкор фаъолият мекунанд. Кафедраҳое ҳастанд, ки ҳамагӣ як корманди асосӣ доранд, боқимондааш ҳамкор ё коргари соатбай. Аз рӯи талаботи мактаби олӣ ин хел кафедраҳо бояд баста шаванд.
Ҳангоми ба вазифаи роҳбари донишкада таъин шуда омадани А. Низомов проблемаи кадрҳои омӯзгорӣ сабуктар буд. Кафедраҳо бо муаллимони асосӣ пурра буданд, ҳатто миқдори муаллимони унвони илмӣ доштагӣ, яъне номзаду докторони илм 13-14 нафар буд. Ҳоло бошад, ҳамагӣ 4 муаллими унвондор мондааст. Ходимони барҷастаи соҳаи санъат дар ин ҷо ба тарбияи шогирдон машғул буданд, ки бо омадани Низомов ба муносибати ӯ тоб наоварда, партофта рафтанд. Аз ҷумла докторони илм Зикриёев Ф.Б, Х.Раҳимзода, Д. Латипов ва чандин номзадҳои илм. Аз “баракати” ректор Низомов бо чунин микдори кадрҳои илмӣ ва мутахассисон ин донишкада бояд ҳамчун мактаби олӣ дигар фаъолият накунад.
- Устод, сарфи назар аз ин ректори донишкада, профессор А.Низомов ба суоли мо дар хусуси тарбияи кадрҳои илмӣ арз намуданд, ки “Аспирантураи мо ҷавон аст. Танҳо як нафар ҳимоя кард. Дар навбат барои ҳимоя қариб 12 нафар тайёрӣ дида истодаанд». Ин ҳақиқат аст ё…?
   - Аввал ин ки, шумо профессор Низомов гуфтед, Низомов не профессор ҳасту не дотсент ва буда ҳам наметавонад. Зеро дипломи доктории ӯ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ки он ба ғайр аз худи он ҷо дар дигар ҷо, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, эътироф намешавад. Худашро профессор муаррифӣ кардани ӯ ҳангомаҷӯӣ ҳасту бас.
   Доир ба аспирантура ҳаминро гуфтаниям, ки А. Низомов боз аз ҳақиқат дур рафтааст. Аввал ин ки аспирантураи мо чандон ҷавон нест, то ҷое ман медонам, ин шӯъба хеле сол боз фаъолият мекунад. Дигар ин ки дар 5 - 6 соли охир на ягон аспирант ва на ягон унвонҷӯй ҳимоя накардааст ва дар навбати ҳимоя будани 12 аспиранти гуфтагияш ҳам дурӯғи маҳз аст.
Донишкада аз нарасидани кадрҳо танқисии сахт дорад. Агар А. Низомов ҳамчун ректор дар ин 6 соли роҳбарияш аққалан худаш ду-се шогирд тарбия мекард, имрӯз донишкада ба ин ҳоли зор намеафтид. Баръакс то тавонист олимону мутахассисонро аз ин даргоҳ гурезонд. Дили ман ба шогирдон месӯзад. Дарс нест, муаллим нест, дониш нест, фақат дуғу пуписаи ректор ҳасту…
Устод, биёем сари масъалаи аз кор озод намудани шумо. Зарурияти оҷилан аз кор озод намудани Шумо мактуби Дастгоҳи президент ё чизи дигар буд?
- Намедонам. Ман нисбати ӯ ягон вақт хусумат ё ғаразе надоштам. Ман, умуман, ба ҳеҷ кас ғараз ё хусумате дар дил намегирам. Бадро Худо худаш саришта мекунад. Дар давоми 6 соли ректорияш ман ба ягон кори ӯ дахолат накардаам. Аввали ба кор омаданаш як бор ба қабулгоҳаш рафта будам, хостам табрикаш кунам ва оид ба чопи як дастури методӣ сӯҳбат кунем. Котибааш гуфт, ки ректор шуморо қабул карда наметавонанд. Ман дар давоми 6 сол дигар ба қабулгоҳи ҳамин одам наздик нарафтам. Қабули ин ҷаноб хеле вазнин аст. Ман барин як профессори дигар 4 моҳ кӯшиш кард, лекин бенатиҷа. Ниҳоят аз донишкада рафт.
Мо бо ин одам шиноси нав нестем. Ҳанӯз дар давраи ректор будани Меҳрубон Назаров мо дар ин донишкада кор мекардем. Вақте ки Низомовро дар вазифаи ректорӣ оварда шинос намуданд, аксари дар толор будагон ангушти ҳайрат газиданд ва гуфтанд, ки «тамом, институтро худо зад» ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Мегӯянд, ки Низомов маҳалчӣ аст. Лекин ба фикри ман ин нодуруст аст. Худи ҳамдиёронаш шунидани фамилияи Низомовро намехоҳанд. Лекин касе ӯро нашиносад, ҳангоми суханпардозиҳояш гумон мекунад, ки ватандӯсти №1 ҳамин Низомов аст.
 Роҳбар пеш аз ҳама бояд инсони комил, пок бошад, ки ин ҳар ду барои Низомов бегонаанд.
Чаро кормандон ба ҷое муроҷиат намекунанд ва роҳи наҷотро танҳо дар тарк намудани донишкада мебинанд?
   - Гап дар сари он ки як бор як гурӯҳ кормандон аз пушти ҳамин рафтори ношоистаи ректор ба Дастгоҳи ироияи Президент муроҷиат карданд. Аз он ҷо ду нафар - як мушовири Президент ва як корманди дигари он (номҳояшон дар хотирам нест) омада буданд. Гӯё барои ислоҳи Низомов мӯҳлат доданд. Аммо мӯҳлатҳо гузашт, Низомов ҳам ислоҳ нашуд, балки баръакс, ҳамаи муаллифони мактубро зери фишор гирифт, аз кор пеш кард ва аз пештараааш сад бор вайронтару мағруртар шуд. Ҳар маҷлис мегуфт, ки «навиштетон чӣ шуд?» боз нависед, куҷое, ки мехоҳед нависед. Дар ҳақиқат аз Дастгоҳи Президент дигар садое нашуд ва мардум диданд, ки ҳеҷ кас ба доди онҳо намерасад ва ягона илоҷро дар аз кор рафтан медиданд.
   Лекин мо аз дигар чиз дар тааҷубем. Ҳамин хел кадрҳоро кӣ барои Донишкадаи санъат ёфта меорад? Ҳамин Низомовро кӣ тавсия кард? Донишкадаро ба нестӣ расонданд. Ҳамин донишкада барои ҳукумат, барои Вазорати фарҳанг, барои Вазорати маориф даркор ҳаст ё не? Хайр таъин карданд, майлаш, барои чӣ назорат намекунанд? Вазорати фарҳанг аз ҳолати донишкада пурра огоҳӣ дорад, барои чӣ чора намебинад, барои ин вазорат мутахассис лозим нест? Ҳамаи унвондорон ҷонашонро гирифта, баромада рафтанд, тайёр кардани кадри илмӣ осон аст? Дар донишкада мутахассис намонд, ба донишҷӯён кӣ таълим медиҳад? Бо як сухани котибааш даҳҳо муаллиму донишҷӯро аз донишкада пеш кард. Ду сол пеш бо як хабари дурӯғи котибааш дар як маҷлиси васеи донишкада тӯҳматеро ба ман бор карданӣ шуд, хуб, ки мудири кафедраи мо дар ин маҷлис ҳузур дошт ва Низомовро барои тӯҳматаш дар ҳамон маҷлис огоҳ карда буд. Соатҳо дар бораи хизматҳояш дар таъмир кардани донишкада гап мезанад, лекин синфхонаи таъмиршуда бе муаллими хуб чӣ маънӣ дорад? Чаро вазорати маориф аз ин чашм мепӯшад, магар бе муаллимони унвондор мактаби олӣ ҳаққи фаъолият дорад, роҳбаре, ки дар тӯли роҳбарияш як кадри илмӣ тайёр накарда, тамоми кадрҳоро аз донишкада мегурезонад, ҳуқуқи роҳбарӣ дорад? Ё ки қимати Низомов аз ҳамаи ин баландтар меистад? Инро кӣ бояд назорат кунад?
Як чизро фаҳмидам, ки ҳеҷ кас намехоҳад худашро ганда кунад. Ҳол он ки, вазорати маориф, вазорати фарҳанг, кормандони Дастгоҳи Президент ва дигар мақомоти дахлдор дар бораи вазъияти Донишкадаи санъат ва бедодгариҳои Низомов нағз огаҳӣ доранд, лекин худро ба карӣ мезананд, то он даме, ки доду фиғони мардум ба гӯши Президенти мамлакат расад ва худи он кас машғул шаванд. Вақте ки ҳамаи шумо - ҷанобон аз масъулият мегурезед ва масъулиятро ба дӯши як нафар - Президенти мамлакат ҳавола мекунед, пас пурсида мешавад, ки шумоҳо барои чӣ даркоред?! Ман ба ҳамин савол мехоҳам ҷавоб гирам?

Сӯҳбати Аҳлиддин Салимов, "Нигоҳ", 47(323), аз 13.02.2013 

PS: Вақте ин матлаб барои нашр омода мешуд, устодони дигаре, ки бо сабабҳое аз Донишкада рафтанд, ба мисли Ҷӯрахон Обидпур, ягона профессор дар соҳаи созҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ, Абубакр Зубайдов, номзади илм, Қурбони Собир, профессор, ҳунарманд, Ҷӯрабой Охунов, арбоби ҳунари Тоҷикистон, Хуррам Раҳимзода, профессор, доктори илмҳои педагогӣ ба мо дар тамос шуданд. Дар наздиктарин фурсат матлаби дигар нашр хоҳад шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий