среда, 27 февраля 2013 г.

"Гусели мағзҳо" аз Донишкадаи санъат-2



Вақте ки матлаби ""Гусели мағзҳо" аз Донишкадаи санъат" дар ҳафтаномаи "Нигоҳ" барои нашр омода мегардид, устодони дигари Донишкадаи санъат дар тамос шуда, сабаби аз кор рафтани худро ба мо баён доштанд, ки дар зер фишурдаи он оварда мешавад:

Абубакр ЗУБАЙДОВ, номзади илми таърих, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанг оид ба корҳои илмӣ:


Абубакр ЗУБАЙДОВ, 
номзади илми таърих,
ҷонишини директори
Пажӯ
ҳишгоҳи фарҳанг
ва иттилооти назди
Вазорати фар
ҳанг
оид ба кор
ҳои илмӣ
- Ман  аз соли 1979 дар ин донишкада кор мекунам ва  ҳеҷ вақт бо роҳбарон мушкилие надоштем. Аз пешонии шӯри мо зимистони соли 2007 ҳамин одам ректор шуду барои кормандони Донишкадаи санъат рӯзҳои сиёҳ сар шуд. Низомовро хеле пеш мешинохтам, лекин то ин дараҷа будани ӯро намедонистам. 

Дар муносибат ба кормандон оддитарин этикаи инсониро риоя намекунад ва нисбати муовинон, деканҳо ва тамоми устодон гуфтори дағалро (аз қабили гов, ҳайвон ва ғ.) истифода мебарад. Маро дар назди шогирдон ҳайвон гуфта, таҳқир кард. Ман гуфтам, ки шумо аз илми ахлоқ ва педагогика хабар доред? Дар муомилаи ӯ калону хурд, ё зану мард аҳамияте надорад, зеро ӯ ректор аст ва ӯ ба касе чӣ хеле ки хоҳад, муомила мекунад. Ҳар лаҳза гӯшрас мекунад, ки: "Маро Президент таъин кардааст ва танҳо Президент метавонад озод кунад. Куҷое, ки мехоҳетон, рафтан гиретон".


Агар Худо накарда, ба Низомов вазифаи баландтареро медоданд, тасаввур кардан душвор буд, ки ӯ чӣ кор мекард ва аз худаш кӣ метарошид. Қабули ин ҷаноб он қадар вазнин аст, ки дар ягон муассисаи дунё чунин нест. Кормандон моҳҳо ва солҳоро дар пушти дари Низомов сипарӣ мекунанд, вале ба кабинети ӯ ворид шуда наметавонанд. Профессори кӯҳансол Ҷ. Охуновро дар се сол як бор қабул накард. Лекин барои дугонаҳои котибааш ва ғҳеҷ гуна маҳдудият нест. Барои Низомов тақдири донишкада, донишҷӯй, ё муаллим муҳим нест. Муҳим амалӣ намудани мақсад ва манфиатҳои шахсии худаш аст. Ӯ барои худнамоӣ дар як сол як консерти донишҷӯёнро ташкил намуда, онро ба тамоми шабакаҳои телевизион реклама мекунад. Воситаи дигари худнамоии ӯ ин таъмири биноҳо мебошад.  Таъмир ва харидани таҷҳизот кори дӯстдоштаи Низомов мебошад, зеро он ҷо фоида ҳаст. Лекин сифати таълим ва тарбияи мутахассис барои ӯ ягон аҳамият надорад.  Бо ҳамин аҳвол,  бояд ҳама гумон кунанд, ки Низомов дар ҳақиқат роҳбари арзанда ва дилсӯз аст.Соатҳо дар бораи қаҳрамонии нотакрораш, яъне таъмири Арғунун ҳарф мезанад. Ҳукумат барои таъмири он 1 миллион сомонӣ ҷудо кард, лекин Арғунун моли шахсии Низомов шудааст. Ба ғайр аз худаш ва писараш ягон инсони дигар ҳуқуқи тарафи он нигоҳ кардан надорад.Дар ҳайати Шӯрои илмӣ олими унвондор намондааст, зеро унвондорҳо, арбобони соҳаи фарҳангу ҳунар ҳама аз ҷабри Низомов фирор карданд. Устод С. Раҳимов дуруст қайд кардаанд, ки кафедраҳо бе муаллим мондаанд. Миқдори рафтагиҳо хеле зиёд аст: Зикриёев Ф. Б. - доктори илм, профессор, Раҳимов С. - доктори илм, профессор, Раҳимзода Х. - доктори илм, проффесор, Обидпур Ҷ.-профессор, Ниёзов Р. - номзади илм, дотсент, Охунов Ҷ. - композитор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Бурҳон Маҳмадқулов - профессор, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Мирзоев Ҳ. - муаллими калон ва ғҲатто аз нотавонбинӣ Ҳошим Гадоев барин ҳунарманди сатҳи ҷаҳониро дар донишкада дидан намехоҳад ва доим барои ӯ мушкилеро эҷод мекунад. Ҳол он ки Ҳошим Гадоев аз ин донишкада ё аз Низомов чизе намехоҳад, фақат мехоҳад ба шогирдон ҳунар омӯзад.Найрангҳои давраи имтиҳони қабул хеле моҳирона аст. Ҳамагӣ 3 нафар (Низомов ва 2 нафари дигар) 6 сол боз қабулро "обу лой" мекунанд. Барои назарфиребӣ Р. Воҳидӣ ва Б. Холовро ҳам яксолӣ гӯё раиси қабул монд. Лекин Холов Б. ҳангоми имтиҳон дар роҳравҳои ҳавлӣ "сайругашт" мекард ва намедонист, ки кӣ ва чӣ хел имтиҳон супорид. Имтиҳонро Низомов бо дигарон ҳал мекард. Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва ҳатто Агентии зидди  коррупсия як бор напурсиданд, ки барои чӣ ин хел аст?Муҳити донишкада даҳшатнок аст. Ҳукми котибаи ректор аз ректор боз баландтар аст. Барои  вазифа додан ба котибааш, ки дирӯз шӯъбаи ғоибонаи  факултети китобдориро хатм кардааст, декани факултети китобдорӣ, номзади илм, дотсент  Б. Холовро як сол пеш гӯё барои "ноӯҳдабароӣ" аз кор озод кард. Дар асл фаъолияти Холов аз дигарон ҳатто хубтар буд, лекин инро найрангҳои Низомов мегӯянд. Як сол факултет бе роҳбари асосӣ фаъолият кард ва як ҳафта пеш гӯё ротатсия карда, котибаашро декани факултети китобдорӣ таъин намуд. Аз барои Худо, ин гуна найрангбозӣ ва масхара кардани мактаби олӣ дар ягон ҷои дигар бошад?Одаме, ки аз ӯ фоидаи шахсӣ гирифта наметавонад, барои Низомов зиёдатӣ аст. Мутахассис барои вай қадр надорад. Дар донишкада муаллим намерасад, лекин Низомов ба проректор оид ба таълим супориш додааст, ки ба профессор Обидпур ва Зубайдов соат надиҳед, зеро мо ба Низомов маъқул нестем.  Аспирантҳо  Таҳмина Исҳоқова,  Зарина Ғафурова аз дасти ӯ фирор карда рафтанд. Аз онҳо пурсидам, ки чаро меравед, гуфтанд, аз тарзи муносибати ҳамин ректор. Мутахассисони тайёрро ин одам гурезонд.  Аз шогирдони давраи ректории Низомов дигар Давлатманд Холову Саидқул Билолов ё Афзалшо Шодиеву Кароматулло Қурбонов намебарояд. Зеро Низомов аз ҳама зиёдтар истеъдодҳоро бад мебинад.
Ҷӯрахон ОБИДПУРпрофессор:- Аз соли ташкил шудани Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода то соли 2009 фаъолият доштам. Баъд аз соли 2009 ба Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ба кори асосӣ гузаштам. Ман ягона профессор дар соҳаи созҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ ва арбоби ҳунари ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам. Аълочии фарҳанг ва маориф. Шогирдони зиёд тайёр намудаам. Зиёда аз 40 сол дар ин донишкада кору фаъолият доштам.  Ман дар бораи бою ғанӣ гардондани дастурҳои таълимӣ барои сози рубоб заҳмат кашидам. Аввалин китоби дарсии рубоб, ки соли 1969 ба забони давлатӣ чоп шуд, ин китоби ман буд. Ин китоб то имрӯз - китоби дарсии рӯимизии омӯзгорону шогирдон мебошад.  Ғайр аз ин, зиёда аз 20 китобу дастуру маҷмӯа чоп намудам, ки дастраси устодону шогирдон гардиданд. Вале аз замоне, ки Низомов сарвари Донишкадаи санъат шуданд, ба ман эътибори дурусте надоданд. Ман омада, дарс медодаму мерафтам, маро ҳатто аъзои Шӯрои олимон интихоб накарданд. Яъне, маро ҳамчун як мутахассисе, ки дар ҷумҳурӣ пешбар мебошаму хидмат кардаам, қадр накарданд  ва ҳамчун мутахассис истифода набурданд. Барои ҳамин ман соли 2009 лозим донистам, ки ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба кори асосӣ гузарам. Ман дар ин ҷо то имрӯз мудири шӯъба  ҳастам ва ҳурмати моро ба ҷо меоранд. Муносибати А. Низомов, ба фикри ман, пеш аз ҳама аз он сар зад, ки ӯ бисёр нотавонбин аст. Дар гирдаш аз маҳал ва наздикони  худаш ҷамъ карда, дар имтиҳони қабул ҳам бо онҳо  ҳамфикру ҳамзабон аст. Як ман не, бисёр мутахассисон аз ин донишкада, ки аз  маҳалҳои барои онҳо бегона буданд, аз институт маҷбуран фирор карданд, ё онҳоро бо баҳонае аз институт пеш карданд, ё худашон маҷбур шуданд, ки ин ҷоро тарк кунанду раванд.Сентябри соли 2012 мо бо супориши вазорати фарҳанг як маълумотномае дар бораи кору фаъолияти Донишкадаи санъат мухтасаран навишта будем ва ин боиси он шуд, ки  А. Низомов ба деканҳо супориш додааст, ки Обидпурро ба кор нагиред, гӯед, ки соат нест ва бо баҳонаи соат набудан моро дигар ба кор нагирифтанд, ҳол он ки дар кафедра муаллим намерасид.  

Қурбони СОБИР
профессор, 
ҳунарманди мардумии
Тоҷикистон
(соби
қ мудири кафедраи
ма
ҳорати актёрӣ)
Қурбони СОБИРпрофессор, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (собиқ мудири кафедраи маҳорати актёрӣ):- Аз рӯи тамоми меъёрҳо ман бояд соли гузашта донишкадаро тарк мекардам. Ҷаноби Низомов ҳама корро кард, ки ман он ҷо набошам. Ҳамон сол ду гурӯҳи хатмкунанда намоишҳои дипломӣ пешниҳод карданд. Як гурӯҳ бо роҳбарии ман, гурӯҳи дигар бо роҳбарии С. Қосим. Мо бо ду кори дипломӣ - "Як воқеа" - и Ч. Пристли ва "Пайроҳаи зиндагӣ"-и С. Сафаров баромад кардем. Гурӯҳи "Аҳорун" ҳам бо ду намоиш - яке "Юсуфи гумгашта..." - и Ф. Қосим ва "Имтиҳон" баромад карданд. Ҳамаи корҳо сабти телевизионӣ шудаанд. Азбаски ду гурӯҳ дар бари ҳам кор мекарданд, бурду бохтҳо мисли кафи даст аён буд. Ман наметавонам тӯҳмат кунам. Ин сабтҳоро ҳоло ҳам дидан мумкин аст. Гурӯҳи "Аҳорун" намоиши 20 соли қабли Ф. Қосимро барқарор карда буданд. Барои ин кор ба онҳо ташаккур бояд гуфт. Аммо ҳеҷ гоҳ кори ҳаваскории донишҷӯён бо шоҳкории замони Ф. Қосим баробар набуд. Низомов бошад - воҳима мекард, гуё намоиши нусха беҳ аз аслӣ бошад. С. Қосим ҳам мефаҳмид, ки ин таҳқир ба рӯҳи устод Ф.Қосим аст, аммо хомӯш буд! Охир, ин бечора ҳам интизори комплимент аст. Кори дуюми онҳо аз сатҳи худфаъолиятӣ ҳам поёнтар буд. Донишҷӯён мисли ровиён текст мехонданд. Барои ин кори суст онҳо бояд ҷазо мегирифтанд. Кори бачаҳои гурӯҳи мо хеле хуб буд. Инро ҳам Низомов медонист, аммо дидаву дониста, онҳоро болобардорӣ карда, муаллимони хеле сустро боз аз нав гурӯҳ дод. Хеле хандаовар буд, ки як театр - студияро анҷом дода, аз нав студия мегирад. Ман, ки муалими асосии кафедра ҳастам, дар канор мондам. Мисли Барзу рафтан даркор буд, мисли он ҳамае, ки рафтанд, рафтан даркор буд... Дилам барои бачаҳои тозаинтихобшуда месӯузад. Ҳайф! Ба онҳо устодоне дарс мегӯянд, ки ҳунармандони нимаанд. Ҳамаи инро Низомов хуб медонад, чӣ кунад, ки бояд маро ҷазо диҳад!? Китобҳои навиштаи ман "Фаррухнома" ва "Дардҳои паси парда" маҳсули кори кафедраи маҳорати актёрӣ аст. Аммо дар стенди донишкада ҷой надоранд. Низомов барои он ки ман наметавонам мисли атрофиёнаш ба ӯ тамаллуқ занам, китоби "Фаррухнома"-ро аз стенд гирифта, пора-пора кард. Ин рафтораш - рафтори чингизӣ буд. Ин гуноҳи кабира аст. Низомов метавонад ба Қурбони Собир хусумат дошта бошад, аммо ҳунарманди мумтоз Ф. Қосим чӣ гуноҳ дорад?  

Ҷӯрабой ОХУНОВ
арбоби ҳунари Тоҷикистон,
композитор, 
собиқадори меҳнат
Ҷӯрабой ОХУНОВарбоби ҳунари Тоҷикистон, композитор, собиқадори меҳнат:- Аз оғози ташкили ин Донишкада дар ин ҷо кор мекунам, вале бо омадани Аслиддин Низомов ин ҷоро тарк кардам. Ин одам вақти пирии ман маро нафаҳмид, ба хоҳишу илтимоси ман нигоҳ накарда,  дарси маро ба чорум ошёна гузаронд. Ба ӯ гуфтам, охир ман наметавонам, ба ман сахт аст, мо ҳамкасб, ҳамдиёрем, шумо - доктори илм наход, нафаҳмед. Ӯ не гуфт, тавони ҳамин, натавонӣ... Ман 10 сол дар Маскав хондам, умрамро дар ин донишкада гузарондам, ҳама фанҳои мураккаби мусиқӣ-назариявиро ман мебурдам. Дар рӯяш гуфтам, ки ин хонаи мо, шумо нав омадед. Ду сол дар қабулгоҳаш будам, ягон бор қабулам накард. Ман назди вазир ба осонӣ меравам. Ин чаро қабул накард? Ман дар мавриди сифати таълими хонандагон мехостам сӯҳбат кунам,  зеро ӯ сарвар аст. Ман 85 - сола шудам. Мардум мегӯянд, аввал одам шав, баъд олим. Ту доктори илм бошӣ, бояд боз одамтар шавӣ. Аввал рафтораш бо ман нағз буд. Як китоб чоп карда буд, онро дидам, хеле хато дошт, хостам кӯмак кунам. Ин шоҳасари миллати тоҷик, ман эрод гирифтам ва пешниҳод кардам, ки хатогиҳо дар ҷилдҳои баъдиаш ислоҳ шаванд. Баъд, дигар, ҳатто ду - се дақиқа ҳам қабул накард. Як ҷиҳати хуб дорад. Чанд мӯҳлат дар хонаи бастакорон раис шуд, кори хоҷагиаш бад набуд, лекин ту доктори илми санъатшиносӣ ҳастӣ, на ин ки устои корҳои хоҷагӣ.

Хуррам РАҳимзода
академик,
доктори илм
ҳои
педагогӣ
Хуррам РАҳимзодаакадемик, доктори илмҳои педагогӣ:- Ман профессор, доктори илмҳои педагогӣ, академики академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоӣ.  Ман чанд сол ба ҳайси мудири кафедраи педагогика, психология ва профессори кафедра дар Донишкадаи санъат  кор карда будам, коллективи бисёр хуб доштем.  Аз омадани Аслиддин Низомов,  аз усули роҳбарии ӯ ман фаҳмидам, ки мо бо ин кас кор карда наметавонем. Ман мушоҳида кардам, дар давоми сол ин одам соҳиби обруи воқеӣ нашуд. Бисёр одамоне, ки мо ҳамроҳ кор мекардем, он ҷоро тарк карданд. Сабаби рафтани ман он буд, ки ман аъзои Шӯрои олимон будам. Касе, ки муқобили сухан ё ақидаи ӯ фикрашро мегуфт, он кас ба ректор маъқул намешуд. Рӯзе мудири шӯъбаи аспирантураро, ки бисёр ҳам зани бомаданияту дақиқкор аст, бе асос танбеҳи сахт дод, ки роҳбарҳои илмӣ кор намекунанд. Ман гуфтам, ки шумо чизе мегӯед, асос надорад. Кори аспирант, навиштани рисолаи илмӣ як муддати муайянро талаб мекунад ва рисоларо аспирант менависад, на роҳбари илмӣ. Ман гуфтам, ки шумо аспирантҳоро дастгирӣ намекунед ва бо он стипендияе, ки мегирад, маҷбур аст кор кунад. Агар шароити иқтисодиаш заиф бошад, наметавонад ҳимоя кунад. Ин суханони ман Низомовро тамоман нафорид, зеро ӯ қудрати шунидани сухани ҳақро надорад.Баъд аз вай чанд маротиба хостам наздашон дароям, вале котибааш он ҷо маро қабул накард. Боре ҳатто китобамро, ки чоп шуда буд, хостам ба ректор тақдим кунам, яъне мо кор карда истодаем, китоб менависем. Котиба гуфт, ки вақт надорад, баъди нисфирӯзӣ биёед. Баъд омадам боз баҳонаҳо... Ҳамин тавр, дигар қабул накарданд. Баъд ариза навиштам. Ба котибааш додам ва гуфтам, ки ман ҷои беҳтар ёфтам. Он ҷо коллективи нағз аст ва ман дигар бо шумо кор намекунам. Ҳар як роҳбар андеша кунад, ки  роҳбарии як коллектив - роҳбарии як оила аст. Муносибат бо аҳли хонадон ҳамчунин бояд бошад, ки ягон кас беҳуда аз сардори оила наранҷад. 
Сӯҳбати Аҳлиддин Салимов, "Нигоҳ" #49

Комментариев нет:

Отправить комментарий