суббота, 11 августа 2012 г.

Бобои Давлатхон: Роҳбарҳо қадри одамро намедонанд


Арафаи Наврўз буд. Дар ҷойгаҳ хобам,ки як кас омад гуфт, намояндаи раисам. Раис салом гуфт. Омада натавонист. 50 сомонӣ дод ва гуфт Бобо, ҳисоб кун. Гуфтам: Маълум аст, ки 50 сомонӣ аст,
боз инро чӣ хел ҳисоб кунам?


Давлатхон Одинаеви 95 - сола дар деҳаи Шарафободи ноҳияи Ҳисор ба сар мебарад. Синнаш ба ҷое расида, вале аз ҳаводиси олам то ҷое хабар дорад, ба он чӣ дар атрофу кишвар мегузарад, бефарқ нест. Мустақим дар зиндагии оилааш ширкат мекунад. Ҳанўз ҳам марди хона аст. Хабарнигори мо ба аёдати ин мўйсафеди наҷиби қариб якасра ва иштиокчкии Ҷанги бузурги ватанӣ рафт ва нахуст аз ҳолу аҳволаш пурсид:

- Наздики 700 сомонӣ нафақа мегирам. Шукр, барои худам мерасад, аммо як писари марҳум дорам ба номи Мусулмон Давлатов, ки иштирокчии ҷанги Афѓонистон буд. Чанд сол пеш аз дунё гузашт. Фарзандони ятими ў низ бар дўши мананд. Ана бо ҳамин нафақа аҳли оиларо бо як азоб таъмин мекунам. Аз дигар ҷо як дирам ҳам ёрӣ намерасад...


- Аз ҳукумат кўмаке мерасад?

- Арафаи Наврўз буд. Дар ҷойгаҳ хобам,ки як кас омад гуфт, намояндаи раисам. Раис салом гуфт. Омада натавонист. 50 сомонӣ дод ва гуфт Бобо, ҳисоб кун. Гуфтам: Маълум аст, ки 50 сомонӣ аст, боз инро чӣ хел ҳисоб кунам?
Ман баъди ҷанг ба Ватан омадам. Дар Белорусия ва Украина будам, он ҷо хона доштам. Тамоми шароит муҳайё буд. Лекин ба Ватан омадам барои зиндагӣ ва ободкунӣ. Гуфтамаш: Мо ҳамин қадар қадр дорем дар Шумо?. Ин чӣ хел одамгарӣ шуд? Ин чӣ хел замон шуд? Одамгарӣ дар он замон буд. Иззату ҳурмат буд. Ду бародарам дар назди худам ҳалок шуданд. Мо се нафар ба ҷанг рафта будем. Ин қадар хун дода, ҷон дода мулкро обод кардем. Боѓҳо бунёд кардем. Роҳбарҳо қадри одамро намедонанд. Тасодуфӣ нишастаанд...

- Замоне, ки Шумо зиндагӣ мекардед, аз имрўз чӣ фарқ дорад?

- Замони мо - замони торик буд. Илтиҷо мекунам аз ҷавонон, ки шумо одоб ёд гиред. Дар замони мо ҳатто ҳоҷатхона канда наметавонистанд. Намедонистанд. Ҳоло як замони тараққиёт. Ҳурмати калонҳоро донанд, таърихро омўзанд. Бо як одами ахмақ ҷўра нашаванд. Барои пул шуда аз ака, додар аз дўст рўйгардон шудан лозим нест. Агар ҳар касе эҳтиром ва ҳаққи муаллимон, донишмандон ва эшону муллоҳоро надонад, тараққӣ намекунад ва таърихи худро ҳаргиз намедонад. Вақтҳои охир сахт ба сайидзодаҳо ва муллоҳо часпидаанд, ин кор кори хуб нест, ман умри қариб якасраро дорам, зиёд бо ин бузургон шиштухез доштам. Инҳо ҳам мисли муаллимон дар миёни мардум хидмат мекунанд, ҳамон тавре, ки муаллимон талабаҳоро аз ҳамаи корҳои бад тарсу бим медиҳанд, муллову эшонҳо ҳам аз фармудаҳои дину Қуръон маънӣ гирифта, мардумро роҳнамоӣ мекунанд, қадру қиммати падару модарро мефаҳмонанд, ҳамсоядориро ёд медиҳанд, роҳи ростро нишон медиҳанд, ки ба дармондаҳову беморон расидагӣ кунанд ва ҳазорҳо кори хайри дигар анҷом медиҳанд... Ин корҳо куҷояш номақбул аст? Амали як муллои камсаводро мебинанд ҳамаи айбро бар сари дигар муллоҳо мезананд, ин корҳо ба фикри мани 95 - сола чандон дуруст намеояд.
Миллат замоне пешрафта мешавад, ки ҳамаи чизро дар ҷои худаш бимонад. Ҳар киро ба андозаи худаш ҳурмат кунанд. Роҳи ростро бояд пеш гирифт ва рост бояд гуфт. Ин хел не, ки ҳамаи мансабҳоро худат бигирию дигарҳоро бегона гўӣ. Зебу зинати ҷомеа ҳамеша бо якдигар будан аст, калону майда надорад. Калонҳо бояд айби майдаҳоро дуруст ёфта ислоҳ кунанд, танбеҳ накунанд, аз дасташон бигиранд, ҳамроҳашон бибаранд, ана, он замон миллат, миллат мешавад, ҳамчуноне, ки аз панҷ ангушт, ки аз хурду бузург иборат аст, як мушт шудааст.

- Бобо, Шуморо кадом сол ба ҷанг бурданд?

- Соли 1942 ман худам гуфтам, ки ба ҷанг меравам ва каҳрамон мешавам. Ҳамин тавр ҳам шуд, 5-уми сентябри соли 1942 ман роҳии Фронт шудам. Дар ҳимояи Ватан бо душман ҷангидам. Се ҷароҳат бардоштам. Бо ризояти Худо мо ѓалаба кардем. Вақте ба Тоҷикистон баргаштам маро ҳоло ҳам ба унвони писари босмачӣ мешинохтанд. Аз ин ноошнойии мардум дилтанг мешудам. Мардуми мо ҳамеша содаанд. Намедонистанд, ки калимаи босмачӣ аз сўи душманони ин миллат сохта шуда буд. Мардуми равшанфикр, сарватманд кордон, чолокро бо ин калима сиёҳ карда, бадбинии мардумро ба вуҷуд меоварданд ва дар паси ин ҳадафҳои худашонро роҳандозӣ менамуданд. Ҳамчуноне ки солҳои аввали 90- и асри гузашта мардуми соддадилу соддабини моро ба номи вовчик-у юрчик ба ҷони ҳамдигар андохтанд, ки оқибаташ ба ҳамаи мо маълум аст...
Воқеият ин буд, ки падарам яке аз равшанфикрони ҳамин минтақа буд. Аз хотирам намеравад Муқим Султон гуфтанӣ одам корманди амниятии ноҳияи Ленин (ҳозира Рўдакӣ) омада буд. Син босмачество - гуфтанд. Баъд маро сурат гирифта гуфтанд писари босмачӣ - душмани ҳукумат, рафта, дар ҷанг иштирок карда, маъюб шуда омадааст. Яъне, ҳамеша мо - писарони касони равшанфикрро рўзи хуш намедоданд, бо ҳар роҳ мехостанд қасос бигиранд ва обурўямонро дар назди мардум бирезонанд. Ин гуна чоплусон ва дурўён хамеша дар ҷомеа мавҷуданд...

- Бобо, баъд ба чӣ кор машѓул шудед?

- Ба деҳаи Кони Намак омадам як худаму ҳамсарам ба танҳоӣ хайма дуруст кардем. 103 гектар заминро худам кор кардам. Боѓҳо бунёд намудам. Аз ҳар гўшаву канор ба тадриҷ мардум омадан гирифтанд. Дар деҳа мактаб набуд. Ман ба унвони сардори ин минтақа дар ҳар ҷаласаи ҳукуматӣ дар бораи мактабу мактабдорӣ масъала мегузоштам. Дар деҳа мактаб набуд. Бо кўшиши ман ду мактаб сохта шуд. Ҳамон вақт соли 1964 буд. Наздики 60 сол мешавад ин ҷо зиндагӣ мекунам. Бо шарафи Кони Намак мардум зиндагӣ карданд. Ба ин хотир ин деҳаро Шарафобод низ мегўянд. Ба назари ман, ҳамон номи пештара беҳтар буд. Ин кон ҷанбаъҳои табобатӣ ҳам дорад.

Мусоҳиб
Аҳлиддин САЛИМОВ, “Нигоҳ” (моҳи майи 2012)

Комментариев нет:

Отправить комментарий