четверг, 19 августа 2010 г.

Ҳоҷӣ Мирзо сафсата мегӯяд?


Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ рейди муштараке дар бозорҳои шаҳри Душанбе барои барчидани сабти суханронии рӯҳониён гузарониданд. Ин амал дар баъзе маворид норозигии дискфурӯшҳоро ба бор оварда онҳо мегӯянд, бегуфтугӯ «ғорат» шудаанд.


Яке аз фурӯшандаҳои бозори «Панҷшер» бо номи Азиз дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки «худашон ба мо на ягон ордер ва на ягон ҳуҷҷат нишон доданд. Агар барои ташхис бошад, хуб, метавонанд, ки якдонаӣ аз ҳар диск баранд, ин хел не ки ҳамаи дӯконро бор карда баранд». Фурӯшандаи дигар аз ҳамин бозор Мирзо низ изҳори нигаронӣ намудааст, ки «омаданд, ҳеҷ гап нагуфта, дискҳоро парешон карданд. Мо ҳайрон шудем, ки чӣ гап бошад. Ҳуҷҷату ҷавозномаи мо ҳама дурустанд. Омаданд, даромаданд, ҳуҷҷат ҳам напурсиданду ҳамаро ҷамъ карданд. Нагуфтанд, ки шумо ки ҳастед, чӣ кор мекунед. Камера овардану панҷ – шаш нафар одами хашин даромаданд. Бо попӯшӣ рӯи ҷойҳое қадам гузоштанд, ки он ҷо мо менишинему нон мехӯрем».

Аммо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» Хайриддин Зайниддинов сабаби пеш омадани тасмими барчидани дискҳоро чунин шарҳ медиҳад: «Асосан, мақсади мо он аст, ки аз болои фурӯши дискҳои фарогири масоили зуроварӣ назорат барем. Барои ба фурӯш баровардани дискҳои динӣ, вақте дар чорчӯбаи қонун аз тарафи Кумитаи дин иҷозат дода мешавад, мо ҳеҷ вақт садди роҳ намешавем. Агар дар чорчӯбаи қонун ҳуҷҷатгузорӣ шуда бошад, иҷозатномаашон бошад, мо умуман ба ин дахолат намекунем. Рости гап, мақсади гузаронидани рейд пеш аз ҳама супориши Кумита буд. Масалан бисёри шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки дар мағозаҳои бозор баландгӯякҳо ҳастанд, ҳаминро кӣ бояд назорат кунад? Бо супориши Кумита мо рейд гузаронидем. Дар аксарияти нуқтаҳои фурӯши бозори «Шоҳмансур», дар фурӯшгоҳҳои бозори «Садбарг», дар фурӯшгоҳҳои бозори «Саховат» ва дар фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон» дар ҳақиқат мо ҳамин рейдҳоро гузарондем».

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки магар санаде аз тарафи Кумитаи дин тартиб дода шудааст, то рӯҳониён барои мавъизаашон иҷозатнома гиранд? Дар ҷавоб ба ин суол як намояндаи Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Кумита ягон санади меъёрӣ ё ҳуқуқӣ набаровардааст. Талаботи қонун аст, шояд ҳаминро дар назар дошта бошанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», истеҳсол, содир, ворид ва паҳн кардани адабиёт ва маводу ашёи таъиноти динӣ танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ иҷозат аст. Шояд ҳамин меъёри қонун манзур бошад». Вале агар посухи ин масъули Кумитаро ба назар гирем, оид ба иҷозатгирӣ барои фурӯши дискҳои мавъизаҳо мушаххасан чизе гуфта нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯҳонии саршиноси тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд: «Ҳеҷ ҷойи айбе нест, инро бояд иҷозат диҳанд. Аммо, мутаассифона, иҷозат намедиҳанду боз чунин маъракаҳои ҷамъ кардани дискҳоро роҳандозӣ мекунанд. Хуб, дигар чӣ кор кунем? Осмон баланду замин сахт. Фақат мегӯем, ки Худо тавфиқашон диҳад ва аз ин корҳои зиддиисломӣ даст кашанд».

Дар бораи то куҷо зарурат доштани гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти рӯҳониён, ки сабти мавъизаҳояшон дар байни мардум паҳн мегардад, Абдуллоҳи Муҳаққиқ, корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андеша дорад: «Нафарони зиёде ҳастанд, ки дар мавзӯҳои динӣ сухангӯӣ мекунанд ва мавъизаҳояшгон барои тарбияи ахлоқи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Мавзӯҳои динӣ бисёр нозук ҳастанд ва илми дақиқро мехоҳанд. Ба ҳамин хотир, лозим аст пеш аз ба мардум дастрас кардани мавъизаҳояшон онро ба Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Чун бинанд, ки ба талаботи илм ҷавобгӯст, баъд паҳн кунанд. Ҳол он ки, ҳамаашон маводҳои хом, носуфта, ҳадисҳоро аз ҳисоби ғаразҳои ғаразҳои шахсӣ, сиёсӣ на динӣ дар шакли бисёр касиф тафсир мекунанд. Аз ҳамин хотир, ҳар як фитта, ки дар байни мардум паҳн мешавад, бояд ҳатман аз ташхиси диншиносӣ гузарад».

Дар боби ин ки аз зери назари ягон ниҳод гузаронидани фитта ё умуман маълумот магар сензура нест, Абдуллоҳи Муҳаққиқ гуфт: «Сензура чизи дигар аст. Сензура дар он ҳолат сензура мешавад, ки масалан зидди таълимоти дин ва маҳдуд кардан ё поймол кардани ҳуқуқи диндорон ё ақидаи исломӣ бошад. Ин ба хотири покию асолати худи маърифати исломӣ мебошад, ки таълимоти динӣ газанди афкори хавориҷ дар амон бошанд. Ин ягон маҳдуд кардан нест. Балки боиси тараққии динӣ мешавад. Вақте як нафар аз хориҷи кишвар мавъизаҳои рӯҳониёни моро гӯш мекунад, бисёр хандаовар аст чун ноҷо баҳс мекунанд. Масалан яке мегӯяд, ки дар як шохи гов як ҳазор малоика ҷой мегирад, дигараш мегӯяд, ки ду ҳазор. Вале Худо хоҳад миллион малоикаро ҷой медиҳад. Ба ҳамин хотир, мавъизаҳояшон ба меъёрҳои шаръӣ ва таълимоти Расулуллоҳ (с) ҷавобгӯ нестанд». Ба Абдуллоҳи муҳаққиқ суоли дигаре низ доштем: «Рӯҳониёне, ки имрӯз амри маъруф мекунанд ва фиттаҳои онҳо мавриди дастрасии мардум қарор дорад, суханронии онҳо Шуморо қонеъ мекунад?». Ҷавоб ин буд: «Албатта не. Ин вобаста ба он аст, ки маърифат ва шуури динӣ дар ҷомеаи мо хеле паст аст. Вақте инсон ғизои хубро намешиносад маводи нуқсдорашро мехарад, сатҳи пасташро мехарад. Шахсе, ки дар бунёди сохтмон маърифати сохтмонӣ дорад, барои мустаҳкам кардани он масолеҳи хубро мехарад. Имрӯз ки сатҳи маърифати динӣ дар ҷомеа хеле паст аст, аксари кулли мардум, ки худро мутадаййин мешуморанд, маърифати худогоҳӣ надоранд. Шинохти мазҳаб, ки дар сатҳи паст қарор дорад, мактаби воизони салафитабор бисёр густариш ёфтааст. Агар маърифати исломию шуури динӣ густариш меёфт, ҳеҷ кас таваҷҷӯҳ ба чунин воизони сафсатагӯ намекард. Масъалан дар як боби қасам хӯрдан ё зиёрат кардан мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо гӯш диҳед пур аз сафсатаанд, бештари он хилофи таълимоти Қуръон, хилофи таълимоти суннат ва хилофи таълимоти Расули акрам (с) ва хилофи мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд. Истинҷои обиро дар ҳолати вузӯъ гирифтан зарур намешуморад. Ҷавонон ба доми фиреби онон афтидаанд… Ё ҳангоми сафар кардан нахондани намозҳои суннатии панҷвақта. Худо дар сураи Нур, ояи 63 мегӯяд, ки касе тарки суннати Расулуллоҳ мекунад, мавриди азоби Худованд мегардад. Бад-ин хотир ташхиси диншиносии сабти мавъизаҳои рӯҳониён лозим аст ва ташхискунанда бояд мутадайин ва огоҳ аз улуми динӣ бошад .

Завқи фитрии шинохти улуми исломӣ дар ҷавонони тоҷик бисёр аст . Аз сабаби кам будани фазои комили иттилооти динӣ хоҳ ё нохоҳ қишри камогоҳ аз дин рӯ ба мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо мекунанд ва ӯро тараннумгари ҳадафҳои имонии худ мешуморанд.

Мақсади савдогарони амри маъруффурӯш интишори маърифати исломӣ нест, балки мақсад аз фурӯши дискҳои Ҳоҷӣ Мирзо ва дигарон барои фурӯшандаҳо ба даст овардани манфиат аст. «Амри маъруф»-фурӯшӣ хоси саҳобагон ва тобеъин, ё салафи солеҳин набуд. Ин пайравӣ ба салафия мебошад, ки хилофи равиши Расулуллоҳ (с) аст. Ин навъ гароиш ва интишороти «амри маъруф» ва «наҳйи аз мункар»-ҳо ба хотири ба даст овардани мавқеи сиёсӣ дар ҷомеа мебошад. Бад-ин хотир, фазои иттилоотии динии кишвар бо хизмати хирсонаи чунин пешвоён ниёз надорад ва халалпазир мегардад. Дар ҳеҷ ҳолат Расулуллоҳ (с) ба саҳобагон ва ёрони дин мавъизаҳои хешро намефурӯхт».

Аҳлиддини САЛИМПУР,

Муҳаммадамин ИМОМӣ,

Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ

Комментариев нет:

Отправить комментарий