четверг, 3 июня 2010 г.

Тӯраҷонзодаҳо ба манфиати кӣ кор мекунанд?


Чанде пеш Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбати онлайнии радиои «Озодӣ» ба хонандагон ваъда дода буд, ки сомонаи худро таъсис медиҳанд. Чанд рӯз аст, ки ин сомонаи ваъдагӣ бо нишонаи www.turajon.com ба фаъолият пардохтааст. Ин тасмими ҷадиде дар фазои фарҳангӣ ва сиёсии кишвар аст, ки аз ҷониби хонаводаи сиёсии Тоҷикистон, ки ҳаводорони зиёд доранд, сомонаи рӯҳониёни бонуфуз таъсис ёфтааст. Дар ин сомона иттилоот дар бораи Эшони Тӯраҷон ва писаронаш Акбари Тӯраҷон, Эшони Нуриддинҷон ва домулло Маҳмудҷон, ки рӯҳониёни шинохта дар Тоҷикистон ба шумор мераванд, нашр шудааст.
Таъсиси сомонаи нав дар Интернет хоҳу нохоҳ сарусадо ба бор меорад. Хусусан, мардум донистан мехоҳанд, ки он бо кадом ҳадаф таъсис ёфтаву сиёсати коргузорияш ба кадом самт равона шудааст. Бахусус барои хонаводае, ки қариб ҳар ҳафта номи аъзоёнаш дар сархати ахбори васоити ахбори умум қарор дорад.
Рӯҳонии шинохташудаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар бораи ҳадафи сохтани сомона чунин ибрози назар намуд: «Ҳадафи асоси таъсиси сомона – ин муаррифии фаъолияти бародарони хеле ҳам арҷманди худ аст. Хусусан бародар – Ҳазрати Эшони Нуриддинҷон ва Маҳмудҷон. Дуюм, ин талабу дархости дӯстонест, ки дар муҳоҷиратанд ва наворҳои видеоӣ ба онҳо бо душворӣ ё хеле дер мерасид. Сеюм, даъвати мо ба сӯйи Худост ва пахши мавъизаҳои рӯзи ҷумъаю ироаи аршифии мавъизаҳое, ки то имрӯз ҳаст. Мавъизаҳо баъд аз ду соати гузаштани намоз ба сомона гузошта мешавад. Илова бар ин, ҳар касе ки имконияти бо мо вохӯрданро надорад, метавонад бо имконияти техникӣ суолҳои худро пешниҳод кунад. Бародарони мо, аз ҷумла банда ба суолҳои эшон ҷавоб медиҳем. Ҳамчунин пахши рисолаҳо, баъзе мақолаҳо ва китобҳое низ дар назар аст, ки то имрӯз нашр кардаем. Албатта баъзе китобҳои муҳими исломӣ ва мақолаҳои муҳими исломӣ дар масоили доғи рӯз, ки барои кишварамон муҳим аст.
Аслан сомонаи мо барои тоҷиконест, ки ба ҳарфи кирилӣ баладанд. Он ҳатто барои форсизабонон нест. Барои тоҷиконест, ки бо ҳарфи кирилӣ мехонанд. Умуман барои тоҷикони дохилу берун аз Тоҷикистон аст».
Чун ҳангоми таъсис додани васоити иттилоотӣ мушкили молиявӣ муассисро домангир мешавад, суоли навбатии мо ин буд, ки оё Тӯраҷонзодаҳо барои кушодану фаъол кардани сомонаи худ аз бурсҳои хориҷӣ истифода бурдаанд? Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар посух ба ин суол гуфт: «Аз касе кӯмаке нагирифтем, зеро барои кушодани сомона харҷи зиёде намешавад. Нафароне ки ба ин кор машғуланд, фарзандон ва бародарони худамон ҳастанд, ки аз барои Худо кор мекунанд. Маблағи ифтитоҳӣ, баъзе васоили техникию наворбардориро банда таҳия кардам ва ин ҷо аз ҷониби хориҷиҳо маблағе сарф нашудааст».
Барои он ки як сомонаи ҷадид дар сатҳи умумимиллӣ хонандаи зиёд ёбад, пеш аз ҳама бояд рӯзноманигорони касбиро ба кор фаро гираду маоши хуб диҳад. Вагарна, он аз сомонаи соҳавӣ фарқияте нахоҳад дошт. Дар ин маврид низ бо ҷаноби Акбар Тӯраҷонзода сӯҳбат доштем. ӯ гуфт: «Ман худам қариб 18 рӯз дар сафар будам ва аз ин сомона истифода мебурдам. Воқеан сомона ба мутахассиси хуб эҳтиёҷ дорад. Зеро, касоне ки то имрӯз рӯйи ин сомона кор мекунанд, ягон нафар ҳатто рӯзноманигор ё мутахассиси забон нестанд. Онҳо аслан муллобачаҳоянд. Муллобачаҳо то имрӯз сайтро ба роҳ андохтаанд ва ҷобаҷогузории мавод бар дӯши онҳост. Оянда шояд ягон ҷавони боистеъдодро ҷалб кунем, иншоаллоҳ. Нафаре ки бо мо ҳамкорӣ карданист, дар масъалаи маблағ бо эшон дар алоҳидагӣ сӯҳбат мекунем».
Вақте ин суханон аз забони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода садо дод ва мутмаин гаштем, ки эҳтимоли ҷалб кардани ягон нафар рӯзноманигори тоҷик ба сомонаи www.turajon.com вуҷуд дорад, бо чанд нафар ҳамсӯҳбат шудем. Рӯзноманигори шинохта Искандари Фирӯз дар ин маврид чунин гуфт: «Ман дар умури мазҳабӣ чандон ворид нестам ва барои кор дар ин сомона худро номзади мувофиқ намедонам. Ба ин далел, новобаста аз маблағе, ки бароям ироа мешавад, наметавонам ин пешниҳодро қабул дорам. Ин сомонаи вижа аст ва кормандонаш бояд аз умури мазҳабӣ огоҳии хубе дошта бошанд. Зеро, танҳо дар ин сурат ин сомона аз маҳбубияти алоқамандон бархӯрдор хоҳад шуд». Вале дар мавриди ба кор рафтану нарафтани дигар рӯзноманигорон мавсуф изҳор дошт: «Бозори расонаҳо дар Тоҷикистон чандон бузург нест ва адами маоши хуб журанлистони тоҷикро водор мекунад, ки пешниҳоди хуб аз лиҳози маблағро зуд қабул кунанд. Вале, фикр мекунам, оғоёни Тӯраҷонзодаҳо чунин пешниҳодро танҳо ба нафароне мекунанд, ки ба таҷрибаи кории вай ва донишҳояш мутмаъин ҳастанд». Аммо Фаридуни Раҳнавард, рӯзноманигори дигари тоҷик дар ҳамин маврид афзуд, ки «Ман журналистам. Вазифаи ман иттилоъ расондан аст, на хизмат кардан ба касе!». Рӯзноманигор Абдуазими Абдуваҳҳоб низ посухе ба ҳамин монанд дод: «Ҳадафи аслии ман хабар расондан ва ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа аст. Ҳадаф ва вазифаи аслии ин сомона бошад, шиносоӣ бо оилаи Тӯраҷонзодаҳо, пахши маҷмӯи осори эшон ва дигар нукоти ба ин монанд аст. Дар ҷаҳони имрӯза чунин сомонаҳо кам нестанд ва фикр мекунам, ки ба хабарнигор эҳтиёҷ надоранд. Ман бошам, барои нафаре, шахсияте кор карданӣ нестам. Ҳадафи ман, чи тавре гуфтам, расондани иттилоъ ба воситаи расонае ба мардум мебошад. Яъне ин сомона ба мисли блогҳои дастҷамъона аст, ки ба оилаи Тӯраҷонзодаҳо тааллуқ дорад, на ягон пойгоҳи хабаррасонӣ».
Ҳарчанд Акбар Тӯраҷонзода ҳадафи асоси таъсиси сомонаро муаррифии фаъолияти бародарони хеш арзёбӣ мекунад, вале боз ҳам саволе нокушода мемонад, ки шояд дар оянда пой фарозтар гузоранд? Дар ин маврид низ фикри коршиносонро пурсон шудем. Саволамон ин буд, ки «Тӯраҷонзодаҳо бо таъсиси сомона ба манфиати кӣ кор мекунанд: ба манфиати худ, давлати дунявӣ, аҳли ҷомеа ё арзишҳои исломӣ?». Коршинос дар масоили сиёсӣ Фахриддини Холбек мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси ин гуна сомона аз ҷониби оилаи Тӯраҷонзодаҳо доштани як минбар барои хеш аст. «Ҳоло дар ҷаҳони муосир ҳар касе, ки хоҳад, метавонад сайт дошта бошад ва ин ки сайти ӯро киҳо мехонанд, чӣ миқдор муштарӣ хоҳанд дошт, аз ин вобаста аст, ки сайти онҳо барои кӣ аҷиб аст ва ба муштарӣ чӣ дода метавонад. Оилаи Тӯраҷонзодаҳо барои гуфтан чизе доранд ва онҳое низ зиёданд, ки ҳарфашонро шунаванд. Умуман, агар хонанда пайдо кунанд, нафъи сомонаашон ба ҷомеа мерасад»,- иброз медорад ӯ.
Таҳлилгари мустақили тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд бошад, дар зимн аз таъсиси сомонаи www.turajon.com чунин истиқбол мекунад: «Тибқи иттилое, ки рӯйи даст дорем, ин сомонаро (саҳфаи интернетиро) на шахсияти хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, балки ҳаводорону муридони эшон роҳандозӣ кардаанд. Ба назари банда, ин сулола феълан ба муаррифӣ дар қаламрави Тоҷикистон ниёз надорад. Зеро ҳар нафари тақводор ва онҳое ки аз дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд, Эшони Тӯраҷон (раҳимаҳуллоҳ) ва фарзандони ӯро хуб мешиносанд. Мудирияти ин сомона аҳдофи ташкил намудани чунин як сомонаеро дар шиносоии наздик ба хонадони эшон, пахши маҷмӯаи осор ва таълифоти ин бузургон, саҳмгузорӣ дар бедории рӯҳ ва маънавиёти исломии мардуми шарифи тоҷик аз роҳи пахши наворҳои исломии эшон, шиносоии фарҳангу маънавиёт ба қалам додаанд.
Ман фикр мекунам (ин нуқтаи назари шахсӣ – инфиродии ман аст), ки мақсад аз таъсис ва ё худ роҳандозии ин сомона ба ҳеҷ ваҷҳ тарғиби бунёди давлати исломӣ дар қаламрави Тоҷикистон набуда ва нест. Чаро ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, узви пешини ММ МО чандин дафъа аз минбарҳои гуногун ва ҳам тариқи матбуот эълом дошт, ки дар ояндаи наздик эъмори ҷомеаи куллан (давлати) исломӣ дар минтақа ғайриимкон аст. Паҳлӯи дигараш ин ки, хонаводаи мазкур ҳамеша аз раҳбари феълии мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон ва давлати демокративу дунявӣ пуштибонӣ карда ва ҳам мекунад. Яъне, боз ҳам ин сомона даричаест барои ошноии бештар бо олами зебои ислом ва худшиносӣ, эҳтироми муқаддасот ва анъаноти миллию мазҳабии худи мо. Беҳуда нест, ки сархати сомонаи мазкур бо ин ҳарфҳои осмонӣ шурӯъ мегардад: «(Мардум)-ро бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи парвардигорат даъват намо».
Маро ба ин сомона ва ё сайти тозатаъсис ба кор даъват намекунанд, чаро ки ниёзе ба банда ва шахсияти банда надоранд. Бузургоне аз мо болотар ва ошнотар бо олами ислому хонадони эшон роҳат метавонанд фаъолияти ин сомонаро ба роҳ монанд. Вале агар даъват кунанд, инро хидмат дар роҳи миллату ислом, ватан ва сарзамини муқаддасамон – Тоҷикистони азизу сарбаландии он хоҳам донист».
Дар атрофи ҳамин нукта, ки аз забони коршиносонамон баромад, бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳамсӯҳбат будем ва суол кардем, ки дар оянда мавқеи сомонаи навтаъсис чи гуна хоҳад буд. Мавсуф иброз дошт, ки сомонаи мазкур сирф фарҳангию динӣ буда, масоили сиёсӣ дар ин ҷо матраҳ намешавад. Агарчанде ӯ қоил аст, ки дин аз сиёсат ҷудо буда наметавонад. Ҳамзамон, ӯ иброз медорад, ки дар ҳолати фишор ё таҳдиде омадан болои доираҳои исломӣ ё шахсиятҳои исломӣ, ё тавҳин шудани муқаддасоти исломӣ, ё пеш омадани масоили ҳиҷобу фаъолияти масҷидҳо ва ғайра дар сомона ибрози назар сурат мегирад. Аммо ӯ зикр намуд, ки ҳарчанд то ҳадде масоили сиёсӣ матраҳ мешавад, ягон ҳадафи сиёсӣ надоранду мақсадашон фақат ислоҳи вазъият аст.

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Комментариев нет:

Отправить комментарий